Замимаи мобилии 400Words - барои омӯзиши луғати вожаҳои серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ

Бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.09.2022, №1337 омӯзиш ва азёд кардани 400 вожаи серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ барои омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11), устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илм ҳатмӣ дониста шудааст.

Бо мақсади зудтар, босифат иҷро шудани фармоиши боло, таҳти роҳбарии дотсенти кафедраи барномарезӣ Раҳимов Ҷ. аз тарафи донишҷӯи факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ, гурӯҳи 403 Олимов Н. замимаи мобилии 400Words коркард карда шудааст, ки дар он 400 вожаи серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ мавҷуд мебошад.

Замима аз 3 қисми асосӣ иборат буда, дар қисми аввал истифодабаранда ҳамаи калимаҳоро дар 3 забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) аз назар гузаронида метавонад. Қисми дигари замима имконияти ҷустуҷӯи калимаҳоро дорад, ки барои истифодабаранда қулай аст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки афзалияти ин замимаи мобилӣ дар он аст, ки он инчунин имконияти санҷишро бо гузаштани тест ва викторина бо интихоби забон дорад.

Замимаи мобилӣ барои истифодаи умум дастрас аст. https://play.google.com/store/apps/details?id=com.tajik.wordsddkh

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ