​Забони миллат – ҳастии миллат

Дар факултети филологияи рус бо иштироки магистрантон мизи мудаввар баргузор гардид. Дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ Ӯзбеков оид ба мафҳум ва мақсади китоби Пешвои миллат “Забони миллат- ҳастии миллат” ибрози назар намуд.

Қайд гардид, ки китоби Пешвои миллат доир ба сарнавишти таърихии забони тоҷикӣ, шебу фарозҳои он дар масири зуҳуру густариш ва зарфиятҳои фароху фарогири забони тоҷикӣ маълумот медиҳад. Дар асар решаҳои ориёии забони тоҷикӣ бо далелҳои қавии илмӣ ва таърихӣ исбот шудаанд.

Ҳамчунин, даврабандии таърихии забони тоҷикӣ дар асоси маводи нави илмӣ матраҳ шудааст. Асари мазкур фарогири бузургтарин сарчашмаҳои таърихию тамаддуни тоҷикон аст. “Дар китоби мазкур Пешвои миллат таърихи пайдоиши забони тоҷикиро дар фасли алоҳидаи китоб таҳти унвони «Забони миллат – ҳастии миллат» гирд овардаанд” – таъкид намуд номбурда.

Инчунин, оид ба Низомномаи забони модарӣ, аз ёд намудани байтҳо аз шоирону бузургони барҷаста, аз худ намудани осору ашъори нависандагон, пост доштани забони миллат андешаҳо иброз шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ