​Забон - ифтихори миллат

Ҳамасола дар кишвар санаи 5-уми октябр ба ҳайси Рўзи забон таҷлил карда мешавад. Бо мақсади арҷгузорї аз ин ҳуҷҷати бақои миллат ва рукни ҳастии он, яъне забон дар, корхонаву коргоњњо Рӯзи забони тоҷикӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.

Дар робита ба ин бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ бо ибтикори омӯзгорони кафедраи умумидонишгоњии забони тољикї дотсент Дилбар Бобољонова ва Абдуманнон Одинаев, дар ҳамоҳангӣ бо садорати факултети физикаю техника, чорабинии пуршукуҳе зери унвони “Забон - ифтихори миллат” ташкил ва баргузор намуданд.

Декани факултет Абдумалик Қайюмзода доир ба хидматҳои шоистаи Пешвои миллат дар арҷгузорӣ ба забон ва қабули як қаттор қонуну барномаҳои марбут ба рушду инкишофи забони тоҷикӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ибрози андеша намуд.

Мудири кафедраи умумидонишгоњии забони тољикї Ҳалимҷон Зоиров забонро пайвандгари дирӯзу имрӯзу фардои наслҳо шумурда, онро воситаи баёни эҳсосу андеша номид. Таъкид рафт, ки миллати моро дар тули таърихи фоҷеабор маҳз забон ҳифз намуд ва ҳамчун сипари боэътимод барои нигаҳдоштани асолати хеш хидматҳои шоиста анҷом дод.

Абдуманнон Одинаев зимни суханронии худ қайд кард, ки забон оинаи тамомнамои миллат дар масири тайнамудаи он мебошад, ки ҳамаи бурду бохтро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад. Ҳамчунин тазаккур дода шуд, ки асоси ҳамаи донишу хирад, илму маърифат ва фарҳангу тамаддун забон ба шумор меравад.

Сармуллим Мадина Юсупова перомуни ҷойгоҳ ва мақоми фарзандони миллати тоҷик дар рушду нумуи илмҳои дақиқ изҳори назар намуда, қайд кард, ки ниёгони мо бо ин забони малакутӣ на танҳо осори таърихиву адабӣ офаридаанд, балки дар ташаккулва тавсеи улуми дақиқ низ саҳми босазои хешро гузоштаанд.

Ҳамчунин, донишҷӯёни факултети физика бо суханони дилпазир ва ашъори рангин дар васфи забони ноби тоҷикӣ, суруду таронаҳо ва саҳнаҳои ҷолибу омӯзанда доир ба ҳифзати забони тоҷикӣхотири ҳозиринро болида намуданд. Бо тақдими туҳфаҳои хотиравӣ ба иштирокдорон чорабинӣ ҳусни анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ