​Забон - ҳастии миллат

Дар факултети математикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон бо ташаббуси устодони кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ Аҳрорҷон Убайдуллоев ва Муқаддас Назарова таҳти унвони "Забон – ҳастии миллат” маҳфили илмию тарбиявӣ ташкил ва баргузор карда шуд. Дар оғоз Аҳрорҷон Убайдуллоев дар мавзуи " Забон - пояи миллат" маърӯзаи пурмӯҳтаво намуд. Мавсуф дар баромади хеш қайд намуд, ки забони тоҷикӣ дар давоми ҳазорсолаҳо ҳамчун забони нобу ширин ва устувор асолати таърихии худро маҳфуз дошта, яке аз забонҳои қадимтарин ва бойтарин маҳсуб меёбад. Ва маҳз бо ин забони ширину гуворо садҳо олимону шоирон ва донишмандону фарзонагони миллат шеъру достонҳои бузург ва осори барҷастаи илмӣ боқӣ гузоштаанд.

Сипас, дар қисми дуюми маҳфили илмию тарбиявӣ донишҷӯёни курсҳои якум ва дуюми факултети математика бо як барномаи илмию фарҳангӣ баромад намуда, оид ба бузургии забони ноби тоҷикӣ ва хидматҳои барҷастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ суханронӣ намуданд.

Маҳфили Забон бо суруду таронаҳои рангин дар васфи забони модарӣ аз тарафи донишҷӯён ба анҷом расид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ