​Вусъати тарбияи маънавиву ахлоқии ҷавонон

Дирӯз донишҷӯёни гурӯҳҳои 301-302-и факултети филологияи тоҷик таҳти роҳбари дотсентон Шарифҷон Тоҷибоев ва Мадина Бобоҷонова ба Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, аз он дидан намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ин иқдом ҷиҳати вусъати тарбияи маънавиву ахлоқӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ, эҳтиром ба мероси ниёгон роҳандозӣ гардидааст.

Роҳбарияти осорхона ба донишҷӯён оиди ҳаёт ва фаъолияти Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров, ибрози назар намуда, арз доштанд, ки Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров ба ҳаёт ва фаъолияти ходими барҷастаи давлатӣ ва олими намоёни тоҷик, академик Бобоҷон Ғафуров ихтисос дода шудааст. Гуфта шуд, ки осорхонаи ҷумҳуриявӣ маркази бузурги илмию фарҳангӣ, маърифатӣ, тарбиявӣ-маънавӣ ва таблиғотӣ-ташвиғотӣ буда, он аз 18 гӯшаи алоҳида иборат мебошад.

Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 115 солагии академик Бобоҷон Ғафуров бинои Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуровро пас аз таъмиру навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ