​Вусъати корҳои тарбия

Дирӯз дар толори хурди раёсати Донишгоҳ бо иштироки муовини ректор оид ба тарбия дотсент Набизода Мирзотоҳир, сардори шуъбаи тарбия Маҳмудзода Бахтиёр, кормандони шуъба ва муовинони декан оид ба тарбия ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Нахуст, Набизода Мирзотоҳир баромад намуда, кори маҳфилҳои тарбиявии амалкунадаро дар назди факултетҳо натиҷагирӣ намуд. Мавсуф аз вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва хатарҳои он ёдовар шуда, тарбияи ҷавонон дар руҳияи хештаншиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву меҳанпарастиро вазифаи муқаддас унвон намуд.

Ҳамзамон дар кори ҷаласа масъалаҳои тарзу усулҳои нави ба роҳ мондани корҳои тарбиявӣ, пешгирӣ ва мубориза алайҳи таҳдиду хатарҳои ҷомеаи муосир, ҷинояту ҷинояткориҳо, таъмини амнияту суботи сиёсӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.

Ба муовинони декан оид ба тарбия дастур дода шуд, ки ҷиҳати беҳтар намудани раванди таълиму тарбия ҳамкории садорати факултет, кафедраҳо ва кураторони гурӯҳҳои академӣ бо волидайн ҷоннок намуда, аз давомот ва пешрафти онҳо мунтазам огоҳонида шаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ