​Ворисони Сино

Дар факултети биология ва химия бо ташаббуси кафедраи тиббӣ – биологӣ маҳфили илмии донишҷӯён “Ворисони Сино” баргузор гардид.

Маҳфили мазкурро декани факултет дотсент Мирзобаҳодурова Шаҳноза ҳусни оғоз бахшида, зикр доштанд, ки саломатӣ муҳимтарин сарвати зиндагӣ мебошад.

Гуфта шуд, ки муҳофизат кардан, оқилона ва эҳтиёткорона истифода бурда тавонистани саломатӣ вазифаи ҳар як инсон мебошад.

Дар доираи маҳфил як қатор маърӯзаҳо шунида шуд. Аз ҷумла, таҳти унвони “Бемории алсгеймер ва асрори он” донишҷӯи курси дуюм Чалбаш Тамила бо роҳбарии дотсент Обидова баромад намуд.

Маҳфили мазкур бо донишҷӯёни курсҳои 3 ва 5–и ихтисоси кори тиббӣ баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати дониши онҳо гузаронида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ