Факултети педагогӣ: Вохӯрӣ бо волидайни донишҷўён
Дар ибтидои ҳафтаи равон дар факултети педагогӣ вохӯрии навбатӣ бо волидайни донишҷуёни курсҳои якум баргузор гардид. Вохӯрии мазкур бо мақсади шинос намудани волидайн ва донишҷўён бо низомнома ва қарору фармонҳои амалкунанда, аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти №274 аз 8 июни соли 2007, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011 таҳти №762 «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», фармоиши Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1889 аз санаи 04.10.2007 (Қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-июли 2007, таҳти №14/2) дар бораи тасдиқи «Дастуруламали либосҳои тавсиявии хонандагон ва донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ», пешгирии падидаҳои манфӣ дар байни ҷомеава амсоли инҳо маҳсуб ёфта, дар ҷараёни баргузории вохӯрӣ мазмуну муҳтавои он ба самъи волидайн расонида шуд ва риояи онҳо аз ҷониби волидайн бори дигар ёдрас гардид.
Баъди баррасии масъалаҳои зикршуда, волидайни донишҷӯён ба музокира баромада, ба раёсати МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷандба номи академик Бобоҷон Ғафуров” барои фароҳам овардани чунин шароити хуби таҳсил изҳори миннатдорӣ намуданд. Зикр намуданд, ки ҳамкориро бо донишгоҳ минбаъд мустаҳкам ба роҳ монда, риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро таъмин менамоянд.
Маркази иттилоот ва таҳлил