​Вохӯрӣ: “Нашъамандӣ – вабои аср”

Намояндагони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Суғд бо устодону донишҷӯёни факултети иқтисодӣ мулоқот намуданд.

Дар доираи мулоқоти мазкур масъалаҳои мубориза бо нашъамандӣ ва пешгирӣ аз ин зуҳурот мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамзамон, раванди амалишавии Стратегияҳо, барномаҳои давлатӣ ва Нақшаи фаъолияти Шӯрои вилоятии ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъадор дар вилояти Суғд, инчунин нақша - чорабиниҳои муштарак оид ба пешгирии наврасону ҷавонон аз омилҳои номатлуби ифротгароӣ, нашъамандӣ, терроризм ва экстремизм, муқовимат ба омилҳои коррупсионӣ, пешгирии зуроварӣ дар оила, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ аз ҷониби иштирокдорони мулоқот муҳокима шуданд.

Декани факултет дотсент Нуридинова Манзура доир ба мавзӯи “Нашъамандӣ- вабои аср” маърӯза намуда, ҷавононро барои ташаббускорӣ ҷиҳати мубориза бо зуҳуротҳои номатлуб даъват намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ