​Вохӯрӣ: Камбудиҳо дар самти таълифи диссертатсияҳо бояд бартараф шаванд

Бо ибтикори роҳбарияти Муассисаи давлатии “Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷиҳати баррасии баъзе тағиротҳои воридгардида дар ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқие, ки ба фаъолияти ин муассиса вобастагӣ дорад, дар тамоми марказҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакатсуҳбату вохӯриҳо ва семинарҳои омӯзишӣ доир гардида истодааст. Дар ин замина санаи 3-юми ноябри соли равон дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, вохӯрии Розиқзода Абдулҳакими Шералӣ - раиси КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъруфӣ Расул – мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои ҷамъиятиву гуманитарӣ, Гулаҳадов Ҳайдар - мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои табиӣ, риёзӣ ва техникии ҳамин муассиса бо деканону мудирони кафедраҳо, профессорон, аъзоёни Шӯроҳои диссертатсионӣ, докторантону аспирантон ва намояндагони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистонба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ташкилу баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ҳамаи меҳмононро хушомадед гуфта, ташкилу баргузории чунин мулоқотро муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуд. Сипас, Розиқзода Абдулҳаким Шералӣ доир ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар ва ҳифзу нигоҳдошти арзишҳои миллӣ, таҳкими истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ибрози назар намуд. Мавсуф ҳамчунин ҷиҳати баъзе тағиротҳои воридгардида дар ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва ба талаботи ҷомеаи муосир ҷавобгӯ дар КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта дар самти таълифи диссертатсияҳои илмӣ ба ниҳоди мазкур пешниҳодшаванда иситода гузашт. Зикр гардид, ки ба КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров 60 диссертатсия ворид шудааст, ки аз онҳо 28-тасдиқ, 20-дар баррасӣ, 8-барои илова ва 12-адад рад шудааст. Аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати рафъи камбудиҳои диссертатсияҳо ҷиддӣ бошанд, дар доираи қонун, низомнома ва санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ амал намоянд.

Дар идома мубодилаи афкор сурат гирифт ва иштирокдорон ба суолҳои худ ҷавобҳои қонеъкунанда гририфтанд.

Ҷамшед Ҷӯразода дар сухани ҷамъбастӣ зикр намуд, ки таъсиси “Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба рушди забони миллӣ, аз ҷумла татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва муҳимтар аз ҳама мубаддал намудани забони давлатӣ ба забони илм нақши сазовор ва созгор гузошта истодааст. Мо дар ин роҳ ба кормандону мутахассисони муассисаи олии аттестатсионӣ барору комгориҳо таманно дорем.

Маркази иттилот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ