​Вохӯрӣ бо волидайни донишҷӯён

Дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ вохӯрӣ бо волидайни донишҷӯён бо иштироки декани факултет М.Х.Шарифиён муовини декан оид ба таълим Р.Н.Султонов мудирони кафедраҳо ва омӯзгорону кураторони гурӯҳҳои академикӣ баргузор гардид. Ҳадафи вохӯрии мазкур шинос намудани волидайн ва донишҷўён бо низомнома ва қарору фармонҳои амалкунанда дар соҳаи маориф, пешгирии падидаҳои номатлуб дар байни ҷомеа ва монанди инҳо маҳсуб меёбад. Дар ҷараёни вохӯрӣ мазмуну муҳтавои низомнома ва қарору фармонҳои амалкунанда дар соҳаи маориф мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, ба самъи волидайн расонида шуд ва риояи онҳо аз ҷониби эшон бори дигар ёдрас гардид. Дар идома сарпарастони гуруҳҳои академӣ доир ба хислату рафтор ва иштирок дар дарсҳо ҳамчунин аз худ намудани дарсҳои шогирдони худ ба волидайни онҳо ҳисобот пешниҳод намуданд.

Баъди баррасии масъалаҳои зикршуда, волидайни донишҷӯён ба музокира баромаданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ