​Вохӯрӣ бо Шоираи халқии Тоҷикистон-Фарзона

Санаи 17-уми феврали соли 2023 дар АРТ галереяи “Монӣ”-и факултети санъати тасвирӣ ва технология вохӯрӣ бо Шоираи халқии Тоҷикистон-Фарзона бахшида ба ҳафтаи илм ташкил ва баргузор гардид.

Маҳфили илмиро ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров профессор Усмонзода Аюб ифтитоҳ намуда, ташрифи шоира Фарзонаро ба факултет ғайрумақдам намуданд. Зикр шуд, ки Фарзона аз шоирони муваффақу ватандӯсту ватансарост, ки басо зебову шево қалам ронда, бо ашъори нобаш ҷомеаро ба сӯи покиву некӣ ва созандагӣ ҳидоят мекунад.

Сипас, муовини декан оид ба илм ва инноватсия дотсент Дадобоева М. баромад намуда, перомуни мазмунун мундариҷаи осори нашршудаи Фарзона “Тулӯъи хандарез”, “Паёми ниёгон”, “ Меъроҷи шабнам”, “Мӯҳри гули мино”, “Саду як ғазал”, “Парниёни ҷон”, “Набзи борон”, “Ҳама гул ҳама тарона” ва ғайра маълумот дод.

Дар интиҳо донишҷӯён аз ашъори шоир намунаҳо қироат намуданд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ