Викторина дар факултети филологияи рус

Дар доираи татбиқи “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, бо ташаббуси факултети филологияи рус викторина таҳти унвони “Царская грамота” баргузор гардид.

Дар ҷараёни викторина донишҷӯён ба гурӯҳҳо тақсим шуда, саволу ҷавоб, хондани шеъру зарбулмасалҳовобаста ба фанҳои тахассусӣ байни ҳам рақобат намуданд.

Ҳайати ҳакамон аз ҳисоби омӯзгорони факултет интихоб гардида, тибқи талаботи холгузорӣ карда шуд.

Дар интиҳо беҳтаринҳо бо туҳфаҳои садорати факултет қадршиносӣ шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ