Ватандӯстӣ омили таҳкими худшиносӣ ва ифтихори миллӣ
Таҳти чунин унвон бахшида ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” дар толори калони раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи илмӣ-амалӣ бо иштироки васеи устодону донишҷӯён ва коршиносон доир гардид.
Ректори Донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом меҳмононро хайрамақдам гуфта, ба кори конференсия оғоз бахшид. Мавсуф иброз дошт, ки Қабул гардидани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” аз ҷумлаи ибтикороти дигари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад, ки ба сиёсати дурбинонаву хирадгароёнаи Ҳукумати мамлакат дар самти баланд бардоштани ҳисси ватандўстии ҷавонон робитаи амиқ дорад.

Ниёзҳои ҷомеаи имрўзи мо зарурати қабули Қонуни мазкурро тақозо намуд, киҳамакнун дар асоси мавриди амал қарор гирифтани он барои болоравии ҳисси ватандўстии ҷавонон нақши муассир гузошта хоҳад шуд. Ҳанӯз дар оғози давлатдории навини кишвар Пешвои миллат ба нерӯи зеҳнии ҷавонон такя намуда, аввалин мулоқоти хешро дар ҳамин марҳилаи бениҳоят ҳассос дар моҳи феврали соли 1993 доир намуданд. Ҳамчунин дар яксари суханрониҳои хеш Пешвои миллат ба масъалаи ватандӯстӣ, ҳисси хештаншиносӣ, ташаккули тафаккури шаҳрвандон дар роҳи ҳифзи манфиатҳои давлату ҳукумат ба таври алоҳида ишора менамоянд, ки ин ҳам ба унвони иқдому ибтикороти тоза дар ҷомеаи мадании кишвар эътироф гардидааст гуфт,- сарвари Донишгоҳ Усмонзода Аюб.
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ баромад намуда, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”-ро аз ибтикороти шоистаи Пешвои миллат унвон намуд. Қайд шуд, ки Пешвои миллат бо эҳсоси баланди нақш ва ҷойгоҳи тарбияи ватандӯстиро ҳанӯз дар яке аз суханрониҳояшон таъкид бар он доштанд, ки: “Ғояҳои ватандўстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, эҳтироми суннатҳои фарҳанги миллӣ, эҳтиром гузоштан ва ҳифз кардани анъанаҳои таърихӣ ва тамаддуни ниёгон, ҳама дар маҷмўъ, қисми таркибии сиёсати мо дар рушди фарҳанги миллӣ, таҳкими истиқлолият ва давлатдории навини миллии мо мебошанд”.
Дар идома Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Аъзам Ҳотамӣ перомуни мавзуи мавриди назар ибрози назар намуданд. Дар баромадҳо зикр шуд, ки Қонуни мазкур ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд.
Мувофиқи барномаи конференсия дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷики Шарифҷон Тоҷибоев дар мавзуи “Гиромидошти Ватан ва оини ватандӯстӣ дар адабиёти классикӣ (дар мисоли “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ)”, дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷик Шавкат Шарипов дар мавзуи “Зарурият ва моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”” ва дотсент Абдуҳаким Шарипов перомуни мавзуи ”Роҳу василаҳои татбиқи амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”” суханронӣ намуданд.
Дар интиҳо Аюб Усмонзода иброз дошт, ки ҳар як омӯзгори Донишгоҳ дар роҳи татбиқи босифати Қонуни мазкур ташаккули худшиносии миллӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди маърифатӣ, ба роҳ мондани муносибати арзандаба илму дониш, эҳтиром ба қонун ва дигар масъалаҳои ба ин дахлдор, ки ҷиҳати боло бурдани нерӯи фикриву зеҳнӣ кӯмак менамоянд, талошу меварзад. Устодону олимон ва муҳаққиқони риштаҳои илмҳои ҷомеашиносӣ ва инсоншиносии Донишгоҳи мо дар сафи пеши мубаллиқони Қонуни мазкур қарор гирифта,тавассути нашри мақолаҳои судманд дар васоити ахбори умуми чопӣ ва электронӣ, таҳия ва нашри китобҳои арзишманд дар тарғиби ғояғои втандўстӣ саҳми арзандаи хешро мегузоранд.
Маркази иттилоот ва таҳлил