​Ватан, ту оинаи орзуву рӯёӣ

Таҳти чунин унвон дар хобгоҳи №1-и донишгоҳмаҳфили адабӣ бо иштироки узви иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи “Камоли Хуҷандӣ” ва “Маҳастӣ”шоира Гулнози Тоҳириён маҳфили адабӣ баргузор гардид. Иттилоъ дода шуд, ки маҳфили мазкур ҷиҳати баланд бардоштаниҳисси ватандӯстии донишҷӯдухтарон, бедор намудани завқу салиқаи онҳо ба шеъру адабиётва раҳнамоии эҷодкорони навқалам дар ҷодаи назму наср роҳандозӣ гардидааст.

Дар оғоз мудири бахши кор бо занон ва духтарони донишгоҳ Гулбаҳор Султонова дар бораи фаъолияти шоирӣ ва мазмуну мундариҷаи ашъори Гулноз ба донишҷӯён маълумот дод. Баъдан, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи адабиёти муосир Баҳриев Файзулло оидба вижагиҳои достонҳои манзуми Гулнози Тоҳириён маърӯза намуда,бо эҷодиёти шоира ҳозиринро аз наздик ошно намуд.

Дар идома, Гулнози Тоҳириён доир ба эҷоди назм, хусусиятҳои бадеии шеъри сафед, сохтору вижагиҳои он суҳбат намуда, ба саволҳои пешниҳоднамудаи донишҷӯён посух дод.

Дар интиҳо донишҷӯдухтарон аз ашъори ноби Гулноз намунаҳои назмӣ қироат намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ