​Ватан дар раҳат ҷоннисорам

Ин унвони чорабиние буд, ки дар факултети биология ва химия бо иштироки ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом баргузор гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи чорабинӣ муовини Комиссариати ҳарбии горнизони вилояти Суғд Исмоил Раҳимзода ва подполковники қисми ҳарбии 3501 Нурзод Маҳбуб Мэлс иштирок намуданд.

Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб таъкид дошт, ки масъалаҳои марбут ба фаъолият ва зиндагии ҷавонон дар меҳвари сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун самти калидӣ ва афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳамияти хос бархурдор аст.

Дар доираи чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯён дар васфи Ватан шеърҳо қироат шуда, саҳнаҳои тарбиявӣ ба намоиш гузошта шуд.

Меҳвари чорабиниро таҳкими масъулиятшиносии ҷавонон ҷиҳати хизмат ба Ватан ташкил дода, ҳадаф аз ин ташаббус баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии ҷавонон унвон мешавад.

Декани факултет доктори илмҳои биологӣ Мирзобаҳодурова Шаҳнозахон доир ба нақши ҷавонон дар ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлатӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ маърӯза намуда, аз саҳму нақши ҷавонон дар рушди ҷомеаи муосир таъкид дошт.

Гуфта шуд, ки ҷавонон нерӯи созанда ва пешбари давлат маҳсуб ёфта, хизмат ба Ватан вазифаи муқаддас ва рисолати ҷонии намояндагони ин қишр мебошад.

Ҳамзамон, аскари қаторӣ Ҷавоҳир Ашӯров ба сухан баромада, аз муҳаббат ба Ватан ва садоқат ба марзу буми мамлакат таъкид намуд.

Барномаи фарҳангӣ аз ҷониби донишҷӯён ба чорабинӣ мазмуни бештар эҳдо намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ