Васоити ахбори умум ва нақши он дар пешгирии хушунати оилавӣ

Дар кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзӯи "Нақши ВАО дар инъикоси хушунат ва мубориза бо зуҳуроти номатлуб" дарси беруназсинфӣ ҷараён гирифт.

Иқдоми мазкур дар доираи “16 рӯзи мубориза алайхи хушунат” роҳандозӣ гашта, дотсенти кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума, номзади илмҳои филологӣ, Замира Сатторова ба донишҷӯёни соли дуюми ихтисоси рӯзноманигорӣ перомуни масоили мавриди зикр дарс гузашт.

Дар ҷараёни машғулияти таълимӣ омилҳои гирифторшавӣ ба хушунат ва нақши рӯзноманигорон ҷиҳати решакан намудани зӯроварӣ дар муҳити хонавода табодули афкор сурат гирифт.

Зикр гашт, ки васоити ахбори умум дар пешгирӣ аз хушунат ва зӯроварии хонаводагӣ нақши муассир дошта, рӯзноманигорон тавассути инъикоси дурусти ин масъала метавонанд, баҳри решакании пайомадҳои хатарноки зӯроварӣ, ва дар ин замина мустаҳкамии оила саҳми назаррас гузоранд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ