V Форуми байналмиллалии соҳаи психология ва таҳсилоти томактабӣ

Бо ташаббуси факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ дар китобхонаи факултет тариқи онлайн байни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишгоҳи давлатии Вятcки шаҳри Кирови Федератсияи Русия санаи 18-уми ноябри соли.2023 V-умин Форуми байналмилалии соҳаи психология ва таҳсилоти томактабӣ ташкил ва баргузор гардид.

Форум бахшида ба масъалаҳои мубрами психологияи замони муосир бахшида шуда, таҳти унвони “Некӯаҳволии равонӣ ва муваффақияти иҷтимоии шахс дар шароити мушкилоти муосир” ба роҳ монда шуда буд. Дар барномаи Форум 4 қисмат ба нақша гирифта шуда, дар ҳар кадоми он аз 4 то 7 баромаду маърӯзагузоронро ҷой дода шуда буд.

Дар қисмати 4-ум, доктори илмҳои психологӣ, дотсенти кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбӣ Бобоева Сайёра Бобораҷабовна дар мавзӯи «Инкишофи зеҳни эмотсионалӣ” баромад намуд. Мавсуф дар баромади хеш моҳияти маърӯзаро чунин иброз намуд: “Сатҳи баланди зеҳни эмотсионалӣ ба тамоми қишрҳои ҳаёти инсон таъсир мерасонад. Дар ҷараёни бозӣ иштирокчиёни мастер - класс чӣ гуна эмотсияҳои худ ва дигаронро идрок намудан, идора намудан ва зоҳирнамоии онҳо дониста мегиранд. Малакаҳои худидоранамоӣ ба ҳар як инсон лозим аст, аз ҷумла ба шахсини имконияти маҳдудияти ҷисмонӣ дошта ва маҳдудияти саломатӣ дошта”.

Баъди ироаи маърӯза Сайёра Бобораҷабовна бо донишҷӯён мастер – класс дар мавзӯи “Бозӣ барои рушди зеҳни эмотсионалӣ "Халтаи ғамгинӣ, гули шодӣ"” ба намоиш гузошт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ