​Усулҳои фаъоли таълим ва таҷрибаи пешқадами педагогӣ

Чунин унвон дошт семинари доимамалкунандаи назди Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои педагогии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, ки дар толори факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус доир гардид.

Нахуст директори институти мазкур, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Шавкат Шаропов дар мавзӯи “Паёми Пешвои миллат раҳнамо ва дурнамои рушди устувори маориф ва илми мамлакат” баромад намуд. Мавсуф зимни баромад масъалаҳои мубрами рушди маориф ва илми мамлакатро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.

Баъдан номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Турдимурод Аҳлиллоев оид ба ташаккули салоҳияти таҳқииқотии донишҷӯёни макотиби олӣ дар замони муосир гузориш намуда, афзуд, ки муносибати салоҳиятнок омили муҳими ҳавасмандкунандаи заминаи методологии стандартҳои нави давлатии таҳсилот мебошад.

Сипас, муаррифии китобҳои тозанашри кормандони институт доир шуд. Аз ҷумла, дотсент Матлубахон Умарова роҷеъ ба китоби нави дотсент Турдимурод Аҳлиллоев, китаҳти унвони “Оила-муҳаббат ва меҳру оқибат қӯрғони” аз чоп баромадмаълумоти муфассал дода, дар бораи арзишмандии китоб барои пойдор ва мустаҳкамии оилаҳо ибрози назар намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ