Устодону донишҷӯён барои дастовардҳои назарраси илмӣ қадр шуданд
Бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии илмӣ–анъанавии устодон, олимони ҷавон, докторантон, магистрантону донишҷӯёни донишгоҳ бахшида ба 35–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, эълон гардидани солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” ва Рӯзи илми тоҷик 50 нафар донишҷӯ, магистрант ва докторанти факултетҳо ҳамчун ғолибон дар бахшҳои конференсияи анъанавии апрелӣ бо туҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ қадр карда шуданд.
Ҳамзамон, 24 нафар устодоне, ки дар бахшҳои конференсияи анъанавии апрелӣ ғолиб омаданд, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 200 сомонӣ ва 5 нафар ҳайати ҳакамони озмуни “Олими сол 2024” дар ҳаҷми 300 сомонӣ қадр шуданд.
Инчунин 11 нафар омӯзгоре, ки дар ташкили чорабиниҳои илмӣ ва тарғиби сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва маориф ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардиданд, бо сипосномаи ректори донишгоҳ сарфароз гардонида шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи чорабинии мутантан бахшида ба Рӯзи илми тоҷик Абдураҳимов Садриддин – профессори факултети геоэкология ва туризм барои гирифтани ҷои ифтихорӣ дар озмуни умумидонишгоҳии “Олим сол-2024” бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 2000 сомонӣ ва Шаропов Шавкат – профессори факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус, барои гирифтани ҷои ифтихорӣ дар озмуни умумидонишгоҳии “Олим сол-2024” бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 2000 сомонӣ қадршиносӣ шуданд.
Дар чорабинии Рӯзи илми тоҷик дипломи номзадии ду нафар устоди донишгоҳ: Абдурасулзода Мушаррафа – омӯзгори факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус ва Сангинов Комилҷон -мудири кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ, ки аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дастрас гардидааст, тақдим карда шуд.
Ба сармуаллими факултети забонҳои Шарқ Нигматов Нумонҷон дипломи Ҷоизаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ба Мирзохоҷаев Фирдавсҷон – магистранти курси 2-юми факултети физика ва техника барои ишғоли ҷойи аввал дар озмуни “Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон” ва донишҷӯи курси 4-уми факултети математика Гулзода Қурбонбой дипломи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Ҳамчунин намояндаи Ташкилоти амонатии хурди МАТИН барои ҳамкорӣ ва дастгирӣ дар ташкил ва гузаронидани озмуни вилоятии “Дастони моҳир”бо тӯҳфаираёсатидонишгоҳ сарфароз гардонида шуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил