Устодону донишҷӯён аз қисми низомии 3501 дидан намуданд

Бо иқдоми Сарвари давлат ба муҳофизати сарҳад тамоми имконияти мавҷуда равон карда шуд. Ба душвориҳои зиёд нигоҳ накарда, заминаҳои асосӣ барои таъсиси Артиши миллии тоҷик соли 1993 гузошта шуданд. 23 феврали соли 1993 аввалин паради ҳарбии Артиши миллии Тоҷикистон доир гардид. Аз ҳамин рӯз эътиборан ҳар сол 23 феврал ҳамчун санаи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Бо ташаббуси факултетҳои физикаю техника ва Санъати тасвирӣ ва технологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандўстӣ ва тарбияи ватандӯстиву меҳанпарастии ҷавонон бахшида ба 30 солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 150 нафар донишҷӯён ҳамроҳи устодон ба қисми низомии 3501-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дидан намуданд.

Сараввал барои пешвози меҳмонон аз тарафи сарбозони қисми низомии мазкур паради ҳарбӣ ташкил карда шуд.

Ҳангоми ташриф устодон ва донишҷўёнро муовини командир оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ подполковник Шокирзода О., муовини командир оид ба техника ва аслиҳаи ҷангӣ-сардори қисми техникӣ подполковник Ҷалолиддинзода Ш., сардори зершуъбаи оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ подполковник Маҳбуб Нурзод ҳамроҳи намуда, аз рафти хизмат ва шароити сарбозон дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз наздик шинос намуданд.

Дар охир аз тарафи садорати факултетҳои физикаю техника ва Санъати тасвирӣ ва технологияи Донишгоҳ ба ҳайати афсарон ва сарбозон бахшида ба 30 солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи моддӣ ва маишӣ туҳфа карда шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ