​Устоди донишгоҳ ғолиби озмуни байналмилалӣ

ақолаи адабиётшинос, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Маҳмадшо Маҳмадшоев таҳти унвони “Зикри Ҳофизи Таниш дар сарчашмаҳои адабиву таърихии асри ХYI” дар номинатсияи мақолаҳо оид ба илмҳои филологии Озмуни 52-юми байналмилалии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ барандаи дипломи дараҷаи 1 ва сертификат гардид.

Ташаббускори баргузории ин озмуни байналмилалӣ Ҷамъияти умумирусиягии коркардҳои илмӣ-таҳқиқотии ПТСАЙНС аст.

Ёдовар мешавем дар оғози соли равон дар озмуни 53-юм адабиётшиноси шинохта профессори донишгоҳ Нуралӣ Нурзод низ ба дарёфти дипломи дараҷаи аввал сарфароз гаридад буд.

Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ ба ин муносибат дотсент Маҳмадшо Маҳмадшоевро табрик гуфта, ҷиҳати тақвият ва пешбурдӣ корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ барору комёбӣ таманно доранд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ