​Усмонзода Аюб: Ташаккули мафкураи миллии ҷавонон вазифаи мост

Субҳи имрӯз ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб бо донишҷӯён-иштирокчиёни ҳафтаи худидоракунӣ дар раёсат ва сохторҳои донишгоҳ мулоқот анҷом дод.

Роҳбари донишгоҳ қайд намуд, ки татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дар иртибот ба ин раёсати донишгоҳ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси вилоят оиди татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ҷиҳати тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ, таҳикми ҳувияти миллӣ, ташаккули мафкураи миллӣ, бо роҳи тарбия намудани ҷавонон дар самти шинохти бештари манфиатҳои миллӣ ва ҳисcи оштинопазир ба терроризму экcтремизм, коррупсия, нашъаҷаллобӣ, омодасозиву дастгирии мутахассисони ҷавон ҷиҳати пешниҳод намудани ҷавонони лаёқатманд ба вазифаҳои роҳбарикунанда нақшаҳои мушаххаси амалии худро омода намуда, корбариро дар ин самт таҳким мебахшад.

Сипас, Хайёмиддин Исмоилов - мудири шуъбаи ҷавонони донишгоҳ иттилоъ дод, ки беҳтаринҳо тариқи озмун роҳ ёфтанд, ки онҳо ҳамчунин соҳиби роҳхати озмуни вилоятии «Ҳафтаи худидоракунӣ” гардиданд.

Дар идома ректори донишгоҳ бо изҳори боварӣ афзуд, ки ҷавонони фаъол давоми ҳафтаи равон ҳамчун иҷрокунанда дар вазифаҳои идоракунии раёсату шуъбаҳо ва факултетҳои донишгоҳ иштирок намуда, барои дар сатҳи зарурӣ иҷро гардидани вазифаҳои пурмасъул саҳм хоҳанд гузошт.

Ҳамчунин бо мақсади дар сатҳи зарурӣ баргузор гардидани “Ҳафтаи худидоракунӣ” мудирони шуъбаҳои тарбия ва кор бо ҷавонон вазифадор карда шуданд, ки иштирокчиёнро ба ҳамаи муовинони ректор, сардорони раёсат, мудирони шуъбаҳо ва садорати факултетҳо шинос намуда, нақшаи амалии иштирок дар озмуни “Ҳафтаи худидоракунӣ” омода карда шуда мавриди амал қарор дода шавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ