​Усмонзода Аюб: Нақши равоншиносон ва санъаткорон дар тарбияи маънавии ҷомеа

Субҳи имрӯз ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб ба факултетҳои санъат, психология ва таҳсилоти томактабӣ ташриф овард, ки мулоқоти мазкурро метавон нақши равоншиносон ва санъаткорон дар тарбияи маънавии ҷомеа унвон кард.

Дар мулоқот ректори донишгоҳро муовини ректор оид ба таълим, профессор Абдуфаттоҳ Раҳимов ва деканҳои факултетҳои зикршуда ҳамроҳӣ намуда, зимнан аз ҷараёни машғулиятҳои амалӣ ва назариявии омӯзгорон дидан намуданд.

Нахуст, профессор Усмонзода Аюб аз факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ ошноӣ пайдо намуда, зимни суҳбати озод бо устодон зикр намуд, ки дар ҷомеаи пуртазоди муосир олимони соҳаи психология дар омода ва тарбия намудани насли маънавибунёд, таҳаммулпазир ва зирак нақши чашмрас доранд. Қайд намуд, ки дар факултетҳо миёни устодону донишҷӯён семинар-тренингҳои машваратӣ пайваста роҳандозӣ шуда, ба ин восита ҷавонон ва ҷомеа дар руҳияи солим тарбия ва алайҳи падидаҳои номатлуб мубориза баранд.

Ҳамчунин, давоми рӯз ректори донишгоҳ ба факултети санъат ташриф оварда, аз имконият ва шароити корӣ, машғулиятҳои назариявиву амалии устодон дидан намуда, бо ҳайати кормандон мулоқот анҷом дод.

Ректори донишгоҳ аз рафти баргузориимашғулияти амалии инфиродии муаллими кафедраи мусиқии суннатии тоҷик Беҳзод Ҳамроқулов аз фанни ихтисос (навозандагӣ) (синфи доира) бо донишҷӯи курси аввали ихтисоси эҷодиёти халқӣ (мусиқии созӣ) Насимҷон Ҳошимов ва машғулияти амалии Фарангиз Ҳайдарова - омӯзгори кафедраи таърих назария ва методикаи таълими мусиқӣ ба номи профессор Наим Ҳакимов аз фанни ансамбл (ҳамсароён) бо донишҷӯёни курси аввали ихтисоси санъати мусиқӣшинос шуд. Ҳамчунин роҳбари донишгоҳ аз ҷараёни семинари дастурдиҳии ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Набиев Ҷӯрабек барои иштирок ва аз фаъолияти он ошно гардид.

Зимни мулоқот бо устодон ректори донишгоҳ қайд кард, ки нақши факултети санъат дар эҳёи мусиқии суннатии миллӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисоси санъати актёрӣ ва ҳайкалтарошӣ хеле назаррас мебошад. Таъкид гардид, ки дар воқеъ, санъат ҳамчун шакли афкори умум барои қонеъ сохтани талаботи ҷомеа мавқеи аввалиндараҷа дорад. Маҳз санъат аст, ки ормонҳои ҷомеаро дар худ таҷассум мекунад. Гуфта шуд, ки вазифаи аҳли санъату ҳунар аз он иборат аст, ки ҷомеаро дар рӯҳияи шинохти бештари манфиатҳои миллӣ тарбия намояд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ