Ҳуқуқи инсон арзиши муҳими тамаддуни инсонист
Бо ташаббуси таҷрибаомӯзони факултети таърих ва ҳуқуқ бахшида ба рӯзи байналмиллалии ҳуқуқи инсон ва “73-солагии Эъломияи умуми ҳуқуқи башар” таҳти унвони “Ҳуқуқи инсон арзиши муҳими тамаддуни инсонист” дар МТМУ №10 ноҳияиБ.Ғафуров конференсияи илмӣ – адабӣ бо иштироки адвокати кабинети адвокатҳо Зикруллоев Хусрав баргузор гардид.
Дар конференсия иштирокдорон масъалаҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро мавриди баррасӣ қарор доданд. Зикруллоев Хусрав дар баромади худ қайд намуд, ки Эъломияи ҳуқуқи дар адолати иҷтимоӣ ва баробарҳуқуқии ҷомеаи башарӣ мусоидат намуд.

Сипас, донишҷӯи курси5 – уми факултети таърих ва ҳуқуқ Мударрис Ализода роҷеъ ба таърихи қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон маърӯзаҳо ироа намуд.
Дар идома аз ҷониби хонандагон саҳнаи мурофиаи судӣ намоиш дода шуд. Як қатор хонандагони муассиса доир ба арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон гуфторҳо қироат намуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил