​Тӯрақул Зеҳнӣ ва масъалаҳои забон, адабиёту фарҳанги тоҷикӣ

Бахшида ба 130-солагии забоншинос, адабиётшинос, фолклоршинос ва фарҳангнигор Тӯрақул Зеҳнӣ, дар Донишгоҳи давлатии Самарқанди Ӯзбекистон конфронси байналхалқӣ таҳти уновни “Тӯрақул Зеҳнӣ ва масъалаҳои забон, адабиёту фарҳанги тоҷикӣ” багузор гардид. Дар конференсияи мазкур як гурӯҳ олимони МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров”, профессор Матлубаи Мирзоюнус, дотсентон Шарифҷон Тоҷибоев, Субҳон Аъзамов, Мутриба Мавлонова, Шоира Ҳакимова, Сорбон Азизов, М.Комилова бо маърӯзаҳои ҷолиб доир ба фаъолияти илмии адабиётшиносӣ, фолклоршиносӣ, рӯдакишиносӣ ва шеършиносӣ ширкат намуданд.

Пас аз анҷоми конференсияи байналмилалӣ ширкаткунандагони аз ҳавлии самарқандии Тӯрақул Зеҳнӣ дидан карданд. Маросими ифтитоҳи лаваҳи ёдбуд дар ҳавлии устод Зеҳнӣ доир гардид, ки ба хотири зинда нигоҳ доштани хотираи ин олим нигаронида шуда буд. Дар ин асно як гурӯҳ олимони адабиётшинос, донишмандони варзида, пайвандони Тӯрақул Зеҳнӣ аз хидматҳои неки устод ёдовар шуданд. Ҳамчунин иштирокдорони ҳамойиш Хона-музеи устод С.Айниро зиёрат намуда, бо як таассуроти неку хотирмон аз ин сафари илмӣ баргаштанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ