​«Тривуми математикӣ»: ғолибон муайян ва қадр шуданд

Дар факултети математика озмун-мусобиқаи «Тривуми математикӣ», ки давоми ду моҳ инҷониб идома дошт, ҷамъбаст гардид.

Озмуни мазкур шуруъ аз 28 март оғоз гардида, то санаи 26 май идома ёфт. «Тривуми математикӣ» давоми ҳар ҳафта ду маротиба - рӯзҳои панҷшанбе ва шанбе гузаронида шуда, дар доираи он ба иштирокчиён саволномаҳо манзур гардиданд, ки аз панҷ савол иборат буданд.

Маросими ҷамъбастии озмун бо иштироки декани факултет сурат гирифта, гуруҳи 203 “а” ғолиб дониста шуд.

Аз ҷониби садорати факултет ба ғолибон ҷоми озмун-мусобиқаи «Тривуми матемаикӣ» супорида шуд.

Ҳамзамон, ғолибони озмунҳо, ғолибони маҳфили «Эҷози ҳунар» ва иштирокчиёни озмуни «Навои ҷавонӣ» бо сипоснома, диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ