​Тренинг: Зӯроварӣ дар оила

Дар факултети филологияи тоҷик тренинг таҳти уновони “Зӯроварӣ дар оила” дар доираи Барномаи шонздаҳ рӯзи алайҳи хушунат аз ҷониби донишҷӯёни курси сеюми факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ гузаронида шуд. Дар тренинг доир ба масъалаҳои хушунат дар хонавода, зӯроварӣ дар оила ва пешгирии чунин ҳолатҳо фаҳмонида шуда, суолу ҷавоб байни донишҷўён ҷараён гирифт.

Инчунин бозиҳои психологӣ доир ба мавзуи баррасишаванда гузаронида шуд.

Гуфта шуд, ки чунин тадбирҳо барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии донишҷўён ва кам гардидани хушунат дар байни оилаҳои ҷавон мусоидат хоҳад намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ