​Тренинг бо иштироки масъулини “Оилав ТВ”

Бо ташаббуси кафедраи системаҳои бисёршабакавии телекоммуникатсионӣ бо иштироки намояндагони ширкати телевизионии «Оила» тренинг гузаронида шуд.

Тренинги мазкур бо ҷалби масъулини ширкат - Аҳадҷон Осимов ва Рустамов Ғайратҷон доир гардид.

Дар рафти тренинг масъулин оид ба бартарӣ ва камбудиҳои телевизиони интернетӣ нисбат ба телевизиони анъанавӣ, муаммоҳо ва нақшаҳои худ оид ба рушди соҳа маълумоти муфассал доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳар ду муассисони ширкат ҳатмкардагони факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ мебошанд.

Дар доираи тренинг донишҷӯён мубодилаи афкор намуда, перомуни мавзӯъ андешаҳои худро иброз намуда, ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Бо мақсади пайдо намудани завқи бештари донишҷӯён аз ҷониби муассисони ширкати мазкур озмун ташкил шуда, барои се нафар донишҷӯёни фаъол маблағи пулӣ дар ҳаҷми 100 сомонӣ супорида шуд.

Инчунин, аз ҷониби ширкати мазкур 1 маҷмӯъ таҳҷизот бо пардохти бемаҳдуд барои озмоишгоҳи таълимии назди кафедра тӯҳфа карда шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ