​Тоҷикона мепӯшем

Бо ташаббуси бахши кор бо занон ва духтарони донишгоҳ дар Боғи истироҳатию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ таҳти унвони “Тоҷикона мепӯшем” аксия баргузор шуд.

Ташаббуси мазкур ба муносибати фаро расидани фасли баҳор бахшида ба Рӯзи модарон роҳандозӣ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар аксияи мазкур 300 нафар бонувону донишҷӯдухтарон либосҳои миллӣ, аз қабили атласу адрас ва чакан иштирок намуданд.

Ҳадаф аз ин иқдом арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои неки аҷдодӣ, махсусан, либоси зебои миллӣ, атласу адрасу чакан, баланд бардоштани фарҳангу маданияти либоспушӣ, таблиғу ташвиқи либоси миллӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ мебошад.

Хотиррасон менамоем, ки дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аксияи “Тоҷикона мепушем” дар тамоми гӯшаву канори кишвар ҷараён дорад, ки бонувону донишҷӯдухтарони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз ин ибтикор бо хушнудӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ истиқбол намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ