​“Тоҷикон” китоби безаволи таърихӣ

Бахшида ба ёдбуди академик Бобоҷон Ғафуров дар кафедраи математикаи олӣ ва амалии факултети математика бо иштироки шоирону нависандагон Ҷӯра Юсуфӣ, Аъзами Хуҷаста ва Фарзонаи Зарафшонӣ баргузор гардид.

Дар мизи гирд ба донишҷӯён мазмуну муҳтавои шоҳасари “Тоҷикон” шарҳу тавзеҳ дода шуд. Зикр шуд, ки бе надонистани таърихи худ ояндаро бунёд кардан ғайриимкон аст. Баромадкунандагон қайд намуданд, ки китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров намунаи бебаҳотарин ва безаволи таърихӣ буда, дар тӯли қарнҳо арзиши худро гум нахоҳад кард ва умри он ҷовидонӣ хоҳад буд.

Дар фарҷом аз ашъори адибон шеърҳои ватандӯстию меҳанпарастӣ қироат карда шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ