​Тоҷикистон Ватани обод аст

Бо ташаббуси кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълим бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90 - умин солгарди таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар толори факултети санъати тасвирӣ ва технология бо гурӯҳи 101б чорабинии тарбиявӣ таҳти унвони “Тоҷикистон Ватани обод аст” бо иштироки устодону донишҷӯён доир гардид.

Аз ҷониби омӯзгор Муқаддас Ақилова бахшида ба 90-солагии донишгоҳ, 30-солагии Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи намоиши муаррифиҳо ва видеонаворҳои кӯтоҳ ба донишҷӯён маълумоти муфассал дода шуд. Ҳамчунин, перомуни таърихӣ таъсис, ташаккул ва рушди донишгоҳ маърӯзаҳо пешкаш гардиданд.

Дар интиҳои чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯён доир мавзуҳои баррасишаванда саҳнаҳои тарбиявӣ намоиш дода шуда, дар васфи Ватан, Пешвои миллат ва устод шеъру гуфторҳо қироат карда шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ