​Тоҷикистон – кишвари зебоманзару афсонавӣ

Чунин унвон дошт чорарбиние, ки бо ташаббуси омўзгорони кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷии факултети забонҳои хориҷӣ бо донишҷўёни курси якуми факултети филологияи тоҷик баргузор шуд.

Дар чорабинӣ омӯзгорони факултети филологияи тоҷик ва кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ иштирок намуданд. Донишҷўён дар васфи Тоҷикистон шеър, гуфтор, суруд ва саҳнаҳо манзур карданд. Чорабинӣ бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ, русӣ ва узбекӣ гузаронида шуд.

Раиси Шӯрои занҳои факултети филологияи тоҷик Раҳимова Манзура дар бораи ҳадафи чорабинӣ сухан карда, перомуни мавзӯи меҳварии чорабинӣ ибрози назар кард.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ