​Тими раёсат соҳиби “Ҷоми 90 солагӣ” гардид

Бахшида ба 30 - солагии Иҷлосияи 16 - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами миллӣ ва 90 солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз 11-ум то 16-уми ноябри соли равон мусобиқаи футболи хурд байни устодону кормандон барои дарёфти “Ҷоми 90-солагӣ” идома ёфт.

Дар даври ниҳоии мусобиқа дастаҳои раёсати донишгоҳ ва кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ворид майдон гардида, барои дарёфти Ҷом байни ҳам рақобат намуданд.

Рақобати миёни дастаҳои зикршуда хеле шавқовар ва шадид ҷараён гирифт, ки дар натиҷа дастаи раёсати донишгоҳ рақибашро бо ҳисоби 4 бар 3 мағлуб кард.

Ҳаминтариқ “Ҷоми 90-солагӣ” насиби дастаи раёсати донишгоҳ, зинаи дуюмро кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ва ҷои сеюмро дастаҳои факултети физикаю техника ва математика соҳиб гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки иқдоми мазкур бо мақсади оммавигардонии варзиш, баланд бардоштани сатҳи маҳорати варзишӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва тарзи ҳаёти солим ва сазовор таҷлил намудани санаҳои таърихӣ роҳандозӣ шуда, дар он устодону кормандони ҳамаи факултетҳо байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Макази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ