​Терроризм ва эктремизм – зуҳуроти номатлуби ҷомеаи муосир

Ин буд мавзӯи чорабинии тарбиявӣ-фарҳангӣ, ки дар толори хобгоҳи №3-и донишгоҳ бо ташаббуси кафедраи педагогикаи умумӣ баргузор гардид. Ин иқдом дар ҳамҷоягӣ бо садорати факултети санъати тасвирӣ ва технология роҳандозӣ шуд.

Дар чорабинии мазкур масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, нозирони гурӯҳи огоҳкунии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ШВКД дар шаҳри Хуҷанд иштирок карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи ин чорабинӣ оид ба роҳҳои мубориза бо зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла терроризму экстремизм маърӯзаҳо ироа шуда, роҳҳои муосиру муфиди пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ баррасӣ шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ