​ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ: ХАТАР БА АМНИЯТИ ҶОМЕА

Дар ҷаҳони муосир терроризм ва экстремизм аз ҷумлаи хатарҳои ҷиддӣ ба шумор рафта, ба амнияти башар, сулҳу суботи ҷомеа ва рушди устувори давлатҳо таъсири манфӣ мерасонад.

Паҳншавии ғояҳои ифротӣ, истифодаи зӯроварӣ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки сиёсиву мафкуравӣ аз ҷониби бархе аз ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ паёмадҳои ҷидии иҷтимоӣ, равонӣ ва маънавӣ низ ба вуҷуд меоранд.

Мубориза бо ин зуҳурот дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва густариши шабакаҳои иҷтимоӣ аҳаммияти бештар пайдо кардааст. Имрӯз иттилооти бардурӯғ, таблиғоти ғаразнок ва талқини ақидаҳои носолим метавонад дар муҳити маҷозӣ ба зудӣ паҳн шуда, ба ҷаҳонбинӣ ва рафтори баъзе афрод таъсири манфӣ расонад.

Аз ин рӯ, масъалаи муқовимат ба терроризм ва экстремизм танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набуда, дар пешгирии он бояд дигар сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, оила, воситаҳои ахбори омма ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ саҳмгузор бошанд.

Яке аз омилҳои муҳимми осебпазирии шаҳрвадон ин сатҳи нокифояи дониш ва малакаи таҳлил намудани иттилоот мебошад. Агар шахс манбаи хабарро насанҷад, далелҳоро бо маълумоти дигар муқоиса накунад ва ҳар паёми эҳсосангезро ҳамчун ҳақиқат қабул намояд, эҳтимоли осебпазирӣ ва шомилшавии ӯ ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ зиёд шуда метавонад.

Имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ ба яке аз майдонҳои таъсиррасонӣ ба ҷаҳонбинии шаҳрвадон, махсусан ҷавонон табдил ёфтааст. Дар ин фазо иттилооти гуногун, аз ҷумла овозаҳо, хабарҳои бардурӯғ, наворҳои таҳрифшуда ва паёмҳои эҳсосангез паҳн мешаванд. Баъзе таблиғгарон аз ин фурсат истифода бурда, афродро ба қабули ақидаҳои тундравона водор карданӣ мешаванд.

Дар чунин шароит саводи расонаӣ ва тафаккури интиқодӣ аҳаммияти махсус пайдо мекунанд. Ҷавонон бояд, пеш аз ҳама, манбаи иттилоотро муайян кунанд, сана ва муҳтавои хабарро бисанҷанд, далелҳоро бо сарчашмаҳои мустақил муқоиса намоянд ва пеш аз паҳн кардани маводи шубҳанок дурустии онро дида бароянд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани саводи рақамӣ ва қабули қарорҳои дуруст дар ин гуна ҳолатҳо аз ҷониби ҷавонону наврасон хеле муҳим аст.

Дар баробари шабакаҳои иҷтимоӣ муҳити оила низ дар ташаккули шахсият нақши муҳим мебозад. Оила нахустин муҳити рушди ҷаҳонбинӣ ва хислати инсон аст. Муносибати самимӣ, эҳтироми ҳамдигар, гӯш кардани мушкилоти фарзанд ва дастгирии ӯ дар ҳолатҳои душвор барои эътимод ва масъулиятшиносӣ замина фароҳам меоранд.

Волидайн бояд бо фарзандон дар бораи арзишҳои инсонӣ, эҳтироми қонун, масъулияти шаҳрвандӣ ва хатарҳои таблиғоти хушунатомез суҳбат кунанд. Дар ин раванд на тарсонидану айбдоркунӣ, балки фаҳмондадиҳӣ, саволу ҷавоб ва эътимод ба ҳамдигар натиҷаи беҳтар дода метавонад.

Муассисаҳои таълимӣ низ дар пешгирии ифротгароӣ нақши калидӣ доранд. Дар мактабу донишгоҳҳо гузаронидани семинарҳои илмӣ-маърифатӣ, мизҳои мудаввар, вохӯриҳо бо ҳуқуқшиносон, равоншиносон ва мутахассисони соҳаи иттилоот метавонад ба дарки амиқтари масъала мусоидат кунад.

Донишҷӯ ё хонандаи мактаб бояд тавонад маводи шубҳанокро муайян кунад, ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандии худро дарк намояд, ихтилофро бо роҳи муколама ҳал кунад ва ҳангоми дучор шудан ба таҳдиди воқеӣ ба ниҳодҳои дахлдор муроҷиат намояд.

Ҳамкории оила, муассисаҳои таълимӣ, равоншиносон, кормандони иҷтимоӣ ва мақомоти дахлдор метавонад барои сари вақт пешгири намудани ҷавонон аз амалҳои номатлуб заминаи мусоид фароҳам оварад.

Дар замони густариши технологияҳои рақамӣ воситаҳои ахбори омма дар ташаккули афкори ҷамъиятӣ ва баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон нақши муҳим доранд. Журналистон метавонад тавассути пешниҳоди маълумоти санҷидашуда, таҳлили факту далелҳо ва шарҳи оқибатҳои ҳуқуқии амалҳои ғайриқонунӣ, ба пешгирии терроризм ва экстремизм мусоидат намояд. Зеро паҳн шудани овозаҳо, маълумоти тасдиқнашуда, сарлавҳаҳои иғвогарона ё маводи таблиғотии гурӯҳҳои хушунатомез метавонад ба афзоиши тарсу ҳарос ва паҳншавии иттилооти зараровар мусоидат кунад.

Аз ин рӯ, ҳар шахс бояд манбаъҳоро санҷад, аз барангехтани кинаву адоват худдорӣ кунад ва ҳаёти шахсии дигаронро эҳтиром намояд. Дар ин маврид вазифаи ВАО на танҳо расонидани хабар, балки шарҳи воқеият, фароҳам овардани фазои муколама ва баланд бардоштани саводи расонаии ҷомеа мебошад.

Маводи таҳлилӣ, мусоҳибаҳои коршиносӣ ва барномаҳои маърифатӣ бояд ба саволҳои зарурӣ аз қабили чӣ гуна маълумоти бардурӯғро шинохтан мумкин аст, чӣ тавр ба таблиғоти ғаразнок муқобилият бояд кард ва дар ҳолати дучор шудан ба таҳдиди воқеӣ ба кадом ниҳод муроҷиат кардан зарур аст ҷавоб диҳанд.

Бо дарназардошти омилҳои зикршуда, дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм бояд ба чанд самти асосӣ такя намуд:

Якум, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, шиносоии шаҳрвандон бо ҳуқуқу уҳдадориҳои худ, қонунгузории дахлдор ва оқибатҳои ҳуқуқии амалҳои террористию экстремистӣ.

Дуюм, рушди саводи расонаӣ. Омӯзонидани усулҳои санҷиши иттилоот, шинохти манбаъҳои боэътимод ва муайян кардани таблиғоти ғаразнок.

Сеюм, фароҳам овардани имкониятҳо баҳри рушди ҷавонон. Дастгирӣ барои таҳсил, касбомӯзӣ, шуғл, варзиш, фаъолияти эҷодӣ ва иштироки ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ.

Чорум, таҳкими ҳамкории оила ва муассисаҳои таълимӣ. Фароҳам овардани муҳити эътимод, шунидани мушкилоти ҷавонон ва дастгирии саривақтии онҳо.

Панҷум, густариши фарҳанги муколама. Тарбияи эҳтиром ба гуногунандешӣ, малакаи ҳалли осоиштаи ихтилофҳо ва таҳаммулпазирӣ нисбат ба дигарон.

Шашум, риояи қонун ва ҳуқуқи инсон. Ҳамаи чораҳои муқовимат бояд дар асоси қонун, далелҳои санҷидашуда ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон амалӣ карда шаванд.

Ҳафтум, ҳамоҳангсозии фаъолияти ниҳодҳои ҷомеа. Ҳамкории муассисаҳои давлатӣ, донишгоҳҳо, оилаҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма метавонад барои пешгирии саривақтии хатарҳо мусоидат намояд.

Муқовимат бо терроризму экстремизм ҳамкории пайвастаи ниҳодҳои дахлдор бо шаҳрвандонро талаб мекунад. Барои Тоҷикистон, ки сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди насли ҷавон аз масъалаҳои муҳимми ҷомеа мебошанд, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву расонаӣ ва тарбияи ҷавонони худогоҳу масъулиятшинос аҳаммияти махсус дорад. Дар ин раванд ҳар як омӯзгор, волидайн, донишҷӯ, рӯзноманигор ва ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонад бо муносибати оқилона ва риояи қонун саҳми худро гузорад.

Ҳамин тавр, муқовимат ба терроризм ва экстремизм танҳо бо андешидани чораҳои ҳуқуқӣ маҳдуд намешавад, балки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, рушди саводи расонаӣ, таҳкими арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҷавононро тақозо менамояд. Ҳамкории пайвастаи оила, муассисаҳои таълимӣ, воситаҳои ахбори омма, ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонад дар пешгирии паҳншавии ғояҳои ифротӣ ва ташаккули тафаккури солиму созанда нақши муассир гузорад. Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд бо дарки масъулияти худ дар ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва амнияти ҷомеа саҳм гузорад, иттилоотро бо назари интиқодӣ арзёбӣ намояд ва ба эҳтироми қонун, таҳаммулпазирӣ ва ҳалли осоиштаи ихтилофҳо афзалият диҳад. Зеро танҳо ҷомеаи дорои маърифати баланд, тафаккури солим ва ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ метавонад дар баробари таҳдидҳои терроризм ва экстремизм устувор истода, барои ояндаи амну осоишта ва рушди пойдори Тоҷикистон заминаи боэътимод фароҳам оварад.

Афзал Босолиев,

муаллими кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи

Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии

Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ