​Татбиқи сифатноки донишҳои назарӣ

Донишҷӯёни соли чорум ва панҷуми ихтисосҳои кори тиббӣ-биологӣ, математикаи амалӣ ва математика-физика дар доираи таҷрибаомӯзӣ донишҳои назарии худро дар амал татбиқ мекунанд.

Ҷиҳати шинос намудани донишҷӯён бо тартибот ва қоидаҳои раванди таҷрибаомӯзӣ конференсияи ифтитоҳӣ доир гардида, дар доираи он донишҷӯён бо вазифа, мазмун, мундариҷа ва тартиби баргузории таҷрибаомӯзӣ ошно гардиданд.

Аз донишҷӯён даъват шуд, ки муддати таҷрибаомӯзиро самаранок истифода бурда, баҳри татбиқи донишҳои назарии худ аз тамоми имконият истифода баранд.

Маврид ба зикр аст, ки донишҷӯён ба зергуруҳҳо тақсим шуда, ба ҳамаи онҳо роҳбар таъин гардидааст, ки дар раванди таҷрибаомӯзӣ ба онҳо ёрӣ хоҳанд расонд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ