​Татбиқи донишҳои назарии донишҷӯён

Донишҷӯёни курси 4-уми ихтисоси психология ва курси 5-уми ихтисоси таҳсилоти томактабӣ. Равоншиносии амалӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и шаҳри Хуҷанд таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ доранд.

Иттилоъ дода шуд, ки таҷрибаомӯзии донишҷӯён шуруъ аз санаи 14 то 24 ноябр давом хоҳад кард.

Мувофиқи барномаи таҷрибаи омӯзгорӣ таҷрибаомӯзон бо фаъолияти муассиса, ҳамзамон бо санадҳои меёъриву ҳуқуқӣ, ки аз рӯи он хонандагон ва омӯзгоронфаъолият мебаранд, шинос шуданд.

Аз ҳафтаи аввали давраи таҷрибаомӯзӣ донишҷӯёни таҷрибаомӯз дар машғулиятҳои омўзгорони ботаҷрибаву пешқадам иштирокнамуданд.

Дар раванди фаъолият аз ҷониби роҳбар-мушовирон ва роҳбар -педагог ва психологи гурӯҳ ба таҷрибаомӯзон оид ба роҳҳои мушоҳидаҳои озмоишиву санҷишӣ, гузаронидани машваратҳо, тарзи гирифтани тестҳои коррексионӣ ва психологӣ, инчунин ҳангоми мушоҳидаи хонандагон ва кор бо онҳо маслиҳатҳои методӣ дода шуда истодаанд.

Дар доираи таҷрибаомӯзӣ масъулини бахши таҷрибаомӯзии раёсати донишгоҳ бо донишҷӯён мулоқот анҷом дода, дар мавриди тартибу қоидаҳои раванди таҷрибаомӯзӣ маълумот дод.

Ҷиҳати татбиқи самараноки дониши назарии донишҷӯён дар доираи таҷрибаомӯзӣ маслиҳатҳои муфид дода шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ