​Татбиқи донишҳои назариявӣ дар раванди таҷрибаомӯзӣ

Як гурӯҳ таҷрибаомӯзони факултети филологияи тоҷик, ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик таҷрибаи омӯзгории худро дар МТМУ №15 ба номи Илҳом Ҳакимови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гузаронида истодаанд.

Дар ҳафтаи аввал таҷрибаомӯзон ба дарси муаллимони вобасташуда ва ҳамчунин омӯзгорони пешқадами муассисаи таълимӣ Азизова С., Мусоева М., Ўрунова Т. ва Қаюмова М. иштирок карда, аз нозукиҳои дарс аз наздик шинос шуданд. Усули дарсгузарии омӯзгорони пуртаҷриба барои донишҷӯён ва мутахассиони ҷавон илҳомбахш буд. Аз ҳар дарси омӯзгорони вобасташуда таҷрибаомӯзон барои худ бисёр чизҳои заруриро мушоҳида карда, дар дафтари хотиравӣ ва таҳлилии худ қайд намуданд.

Роҳбари тахассусӣ бо тарзи ҳуҷҷатгузорӣ ва номгӯи корҳо ҳайати гурӯҳро шинос кард. Гӯшаи таҷрибаомӯзӣ ташкил карда шуда, рӯйхати навбатдорон ва ҷадвали дарсӣ мураттаб гардид.

Аз ҳафтаи дуюми таҷрибаомӯзон ба синфи вобасташуда дар доираи 4-5 соатӣ дарсҳои озмоишӣ гузарониданд. Баъди дарсҳои озмоишӣ таҳлилу машварат доир намуда, муаллимони фаннӣ ва роҳбари тахассусӣ бобати дарси баргузоршуда ва савияи дониши таҷрибаомӯз, маҳорату малакаи онҳо андешаҳои худро иброз намуданд. Дар рафти таҳлил тавсия ва маслиҳатҳои муфид ироа гардид ва барои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта то дарси навбатӣ супоришҳои мушаххас дода шуд. Аз мушоҳидаи ҳар як дарси таҷрибаомӯзон ва масъулиятшиносии онҳо маълум шуд, ки эшон нисбат ба касби омӯзгорӣ маҳбубият доранд ва бо шогирдон бо шавқу ҳавас корбарӣ карда метавонанд.

Таҷрибаомӯзон бо хонандагони синфҳои 8-ум якчанд чорабиниҳои адабиву фарҳангиро бахшида ба ҷашну санаҳои таърихӣ омода карда, дар намуди озмун, чорабинии синфӣ ва умумимактабӣ баргузор намуданд.

Қайд гардид, ки тарибаомўзӣ зинаи муҳими омода кардани кадрҳои соҳибтахассус ба ҳисоб меравад. Татбиқи донишҳоиназарии дар давоми таҳсил бадастоварда маҳз дар ҳамин давра анҷом дода мешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ