​Татбиқи донишҳои назариявӣ дар доираи таҷрибаомӯзӣ

Донишҷӯёни факултети санъати тасвирӣ ва технология низ дар қатори дигар донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ тибқи нақшаи таълимӣ ба таҷрибаомӯзӣ шуруъ карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки донишҷӯёни факултет вобаста ба ихтисоси хеш ба мавзеъҳои гуногун, аз ҷумла ноҳияи Шаҳристон низ ба таҷрибаомӯзӣ сафарбар гардидаанд. Қисми дигар дар боғи Камоли Хуҷандӣ, ансамбли меъмориҳои масҷиди “Шайх-Маслиҳаддин” ва регистони Хуҷанд таҷрибаомӯзӣ доранд.

Гуфта мешавад, ки ҷалби донишҷӯён ба таҷрибаомӯзӣ дар мавзеъҳои берун аз шаҳр, аз ҷумла ноҳияи Шаҳристон барои сифатнок ба роҳ мондани таҷрибаомӯзии таълимӣ-манзаранигорӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Бино ба маълумоти Назирҷон Пӯлотов, мудири шуъбаи таҷрибаомӯзии раёсати донишгоҳ, таҷрибаомӯзии донишҷӯён то санаи 2 июл давом хоҳад кард.

Маврид ба зикр аст, ки ба ҳар гуруҳи донишҷӯён дар доираи таҷрибаомӯзӣ аз ҳисоби омӯзгорон роҳбар таъин гардида, раванди таҷрибаомӯзӣ ва шароити будубошти донишҷӯён таҳти назорати ҷиддӣ қарор дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ