Татбиқи донишҳои назарӣ дар раванди таҷрибаомӯзӣ
Давоми ҳафтаи равон дар доираи таҷрибаомӯзӣ як қатор дарсҳои кушод ва намунавӣ ба роҳ монда шуд.
Аз ҷумла, дар доираи ин иқдом як гурӯҳ донишҷӯёни ихтисоси математикаи амалии факултети математика дар муассисаи таълимии № 23 – и шаҳри Хуҷанд ба номи Абулқосим Фирдавсӣ дарси кушод доир намуданд.
Чунин ташаббус аз ҷониби донишҷӯёни соли чоруми факултети забонҳои хориҷӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16-и шаҳри Хуҷанд ва муассисаи таълимии давлатии хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд низ ба роҳ монда шуд.
Аз ҷумла, таҷрибаомӯзон - Раҳматова Шукронадар мавзуи "The collective farm "Hayoti Naw" ва Ёқубова Нигорадар мавзуи “The wonder world of the nature" дарси кушод гузарониданд.
Донишҷӯён дар ҷараёни гузаронидани дарсҳо аз воситаҳои техникӣ, аёниятҳо, муаррифиҳо, усулҳои гуногуни интерактивии таълимӣ ва методӣ васеъ истифода доранд, ки сифати машғулиятҳоро таъмин менамояд.
Маврид ба зикр аст, ки аз ҷониби мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ Назирҷон Пӯлотов бо таҷрибаомӯзон мулоқотҳо идома дошта, баҳри баланд бардоштани сифати дарсҳо ва самаранокии раванди таҷрибаомӯзӣ маслиҳатҳои муҳиму муфид манзур мегардад.
Маркази иттилоот ва таҳлил