​Ташрифи намояндагони Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон ба Донишгоҳ

Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, профессор Усмонзода Аюб Ислом намояндагони Сафорати Фаронса дар Тоҷикистонро бо роҳбарии Эрик Любедел ба ҳузур пазируфт.

Нахуст, Аюб Усмонзода ҳузури меҳмононро ба боргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфта, аз сатҳи кунунии муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Фаронса, ба хусус дар соҳаи илму маориф изҳори қаноатмандӣ намуд. Қайд гардид, ки бо сиёсати маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануел Макрон дар доираи созишномаҳои дуҷониба давлатҳо дар соҳаҳои фарҳанг, илму маориф, техника ҳамкориҳои судманд ба роҳ монда шудааст.

Бо дастгирии Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон соли 2022 барои дӯстдорони забони фаронсавӣ дар Хуҷанд ташкилоти ҷамъиятии "Алянс Франсез Хуҷанд" ташкил гардид, ки барои барқарорсозии ҳамкориҳо миёни муассисаҳои олии ду кишвар мусоидат менамояд. Аз ҷумла, бо дастгирии ин ташкилот миёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишгоҳи Экс-Махсейи шаҳри Марсел оид ба омӯзиши забонҳои тоҷикӣ ва фаронсавӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Эрик Любедел аз истиқболи самимӣ ва созишномаҳои ҳамкории ҷонибҳо изҳори хушнудӣ намуд. Мавсуф афзуд, ки сафорат барои муносибатҳои дӯстона аз имкониятҳо истифода намуда, дар оянда низ барои рушди ҳамкориҳо тадбирҳои заруриро меандешад.

Аз ҷониби ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба намояндагони Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон туҳфаҳои хотиравӣ ҳамчун рамзи эҳтирому равобити дӯстиву ҳамкорӣ тақдим карда шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ