​Ташрифи магистрантон ба Китобхонаи марказии донишгоҳ

Китоб манбаи ягонаи пайдоиши илму дониш ва фазлу эҳсони инсони комил ба шумор рафта, ҳаёту зиндагӣ, кору фаъолият ва донишу масъалаҳои нав ба навро меомӯзонад. Дар робита ба ин магистрантони бахши якуми факултети филологияи рус ба Китобхонаи марказии донишгоҳ ташриф оварданд.

Китобдорон аз ташрифи магистрантон хуш истиқбол намуда, ҷиҳати қадру манзалати китобу китобхон ва омавигардонии хониш суҳбат баргузор намуданд. Зимни боздид ҷавонон аз шуъбаҳо ва зершуъбаҳо дидан намуда, бо адабиёти зарурии илмӣ шиносоӣ пайдо карданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ