Ташрифи донишҷӯён ба осорхонаи донишгоҳ

Донишҷӯёни соли аввали факултети санъати тасвирӣ ва технология таҳти роҳбарии кураторон У.Раҳимов, Ф.Ахмедова, Ш.Бобоҷонова, М.Деҳқонова ва Исавиён Н. аз осорхонаи донишгоҳ дидан намуданд.

Директори осорхона, дотсент Рустам Юлдошев донишҷӯёнро бо таърихи донишгоҳ ва факултетҳои шинос намуд. Дар зимн донишҷӯён аз сафарҳои таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба боргоҳи илму маърифат шинос шуда, маълумоти мукаммал гирфитанд. Ҳамчунин донишҷӯён бо фаъолияти ректорон, олимон, профессорони донишгоҳ, дастовардҳои чандинсолае, ки бо заҳматҳои роҳбарият ва кормандону донишҷӯёни донишгоҳ ба даст омадааст, дидан намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ