Ташрифи донишҷӯён ба китобхонаи вилоятӣ
Дар таърихи башарият китоб ва китобхона аз зумраи падидаҳои беназиру нақшгузоранд, кибарои мукаммал шудани андешаи миллӣ нақши басо мегузорад. Китоб беҳтарин ёвар ва маслиҳатгари кас буда, ҳаёту зиндагӣ, кору фаъолият ва донишу масъалаҳои нав ба навро меомӯзонад. Дар робита ба ин, имрӯз устодону донишҷӯёни факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус ба китобхонаи вилоятии оммавӣ ба номи Т.Асирӣ ташриф оварда, аз шуъбаву толорҳо, шароити хизматрасонӣ ва адбиёти мухталифи илмиву таълимӣ ва бадеӣ дидан намуданд. Устодону донишҷӯён зимни боздид аз шароити мусоиди китобхона таассуроти хешро баён намуда афзуданд, ки дар фонди китобхонаи вилоятӣ ададбиёти арзишманди илмию таълимӣ ва бадеӣ мавҷуд аст, ки баёнгари фарҳанги бою ғании миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил