​Ташкили озмуни фаннӣ бахшида ба 90 солагии донишгоҳ

Бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ бахшида ба 90 солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров олимпиадаи фаннӣ байни донишҷўёни гурўҳҳои академикӣ аз фанни фарҳангшиносӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур мудири кафедра дотсент Сарвиноз Ҷўраева ва омўзгорону донишҷўёни беҳтарини гурўҳҳои академикии факултетҳои донишгоҳ иштирок намуданд.

Нахуст, дотсент Сарвиноз Ҷўраева баромад намуда, ҳадафи баргузории олимпиадаро шарҳу тавзеҳ дода, афзуд, ки гузаронидани чунин чорабиниҳо баро баланд бардоштани дониши донишҷӯён мусоидат намуда, шавқу рағбати онҳоро дар роҳи илмомӯзӣ бедор хоҳад намуд. Сипас, сармуаллими кафедра Эраҷ Салимов, ки масъули баргузории чорабинӣ буд, иштирокчиёни озмунро бо шартҳо ва талаботҳои он шинос намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки олимпиада ба тариқи хаттӣ гузаронида шуд.

Аз рӯи иҷрои шартҳои озмун ва баҳогузории комиссия ҷойи якум сазовори донишҷўи гурўҳи 104-и факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсусМуҳаммадамин Маҷидов, ҷойи дуюм Турғунова Фархунда Ашӯров – донишҷӯи гурўҳи 101 (б) факултети санъати тасвирӣ ва технология гардид.

Дотсент Сарвиноз Ҷӯраева ба ғолибони маҳфил сипоснома тақдим намуда, қайд кард, ки барои бедор намудани шавқу рағбати донишҷўён нисбат ба омўзиши илмҳои муосир минбаъд низ дар дигар факултетҳои донишгоҳ чунин иқдом роҳандозӣ карда мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ