Ташкили машғулияти онлайнӣ

Бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар доираи ҳамкориҳо бо донишгоҳҳои олии кишвар дарси оналйнӣ ба ду гурӯҳи академии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ташкил ва баргузор гардид.

Лектор дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии педагогика Абдуҳаким Шарипов дарси маҷозиро дар мавзуи “Сифати таҳсилот дар партави дастуру нишондодҳои Пешвои миллат” ба донишҷӯёни бахши дуюми ихтисоси таҳсилоти ибтидоии ДДБ ба номи Носири Хусрав гузаронид. Дар рафти дарси маҷозӣ устод тавонист тамоми қисматҳои мавзуъро бо овардани мисолҳо ва асоснокунӣ ба донишҷӯён фаҳмонад. Дар фарҷоми дарс миёни устод ва донишҷӯён ба тариқи маҷозӣ суолу ҷавоби озод сурат гирифт ва шунавандагон ба суолҳои худ посухҳои мушаххас ва қонеъкунанда гирифтанд.

Гуфта шуд, ки чунин машғулиятҳои онлайнӣ дар оянда низ бо дигар муассисаҳои олии кишвар ташкилу баргузор карда мешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ