​Ташкили дарсҳои тарбиявии санҷишии таҷрибаомӯзон

Донишҷӯёни курси 4-уми ихтисосҳои забон ва адабиёти тоҷик ва таҳсилоти ибтидоии факултети муҳандисӣ-омӯзгорӣ аз санаи 20-ноябри соли равон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6, ноҳияи Ҷаббор Расулов таҷрибаомӯзии омӯзгории худро гузашта истодаанд. Дар ҳафтаи аввал донишҷӯён ба дарсҳои фаннӣ ва соатҳои тарбиявии муаллимони мактаб иштирок намуда, донишҳои назариявияшонро бо муқоиса дар амалия омӯхтанд. Дар ҳафтаи дуюм вобаста ба нақшаи корӣ донишҷӯ-таҷрибаомӯзон бевосита машғултятҳои дарсӣ ва соатҳои тарбиявӣ гузаронида, донишщои назариявиашонро дар амал татбиқ намуда истодаанд. Дирӯз дар ҷамъбасти таҷрибаомӯзӣ хонандагон хеле фаъол буданд, ки ин аз маҳорат ва малакаи донишҷӯён – таҷрибаомӯзон, пеш аз ҳама ба маҳорати омӯзгор – методист вобаста буда, ба замони муосир ҷавобгӯ будани усули фаъоли таълим дарак медиҳад.

Дар фарҷом методистон – дотсентон Турдимурод Аҳлиллоев ва Матлубахон Умарова баромад намуда, ташкил ва гузаронидани чунин соати тарбиявиро дар ташаккули худшиносиву меҳанпарастии ҷавонон хуб арзёбӣ намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ