​Ташкили дарсҳои кушод аз ҷониби таҷрибаомӯзон

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров донишҷӯ – таҷрибаомӯз Воҳида Ҷалилова дар синфи 8а дарси кушодро аз фанни таърихи халқи тоҷик дар мавзӯи “Оғози ҳукмронии сулолаи Манғития” гузаронид, ки дар он роҳбари умумии таҷрибаомӯзон дар факултет дотсент Олимҷон Маҳмудов, роҳбар – педагог дотсент Р.Мавлонова, ҷонишини директор оид ба таълим Р.Султонова омӯзгори фанни таърих Тӯхтабой Розиқов ва як қатор таҷрибаомӯзон иштирок карданд.

Дарс бо усули интерактивӣ гузаронида шуда, хонандагон ба се гурӯҳ тақсим шуданд: гурӯҳи якум - “Конститутсия”, гурӯҳи дуюм – “Ваҳдат”, гурӯҳи сеюм – “Истиқлолият” номгузорӣ карда шуд. Баъдан бо гузоштани саволҳо доир ба паҳлуҳои муҳими мавзӯъ байни хонандагони гурӯҳҳо чархи андеша гузаронида шуд. Аз маводи дидактикӣ, тахтаи синф, китоби “Тоҷикон”-и академик Б.Ғафуров, асарҳои илмӣ ва адабиёти бадеӣ, бо мақсади фаъол гардонидани хонандагон методҳои фаъол васеъ истифода бурда шуд. Дар идома дарс бо усули МДД (Медонам. Донистам. Донистан мехоҳам) ба роҳ монда шуд, ки хонандагон байни худ саволу ҷавоб карда, фаъолона иштирок намуданд.

Дар интиҳо роҳбар методист Олимҷон Маҳмудов, роҳбар – педагог Р. Мавлонова ба таҷрибаомӯз ҷиҳат боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани дарс тавсия ва пешниҳодҳои муфид доданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ