​Таъсиси ду шӯрои диссертатсионӣ дар назди донишгоҳ

Дар МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» 2 Шӯрои диссертатсионӣ таҳти рамзҳои 6D.КОА-025 оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (Phd) - доктор аз руйи ихтисосҳои 6D0012000- Таҳсили касбӣ, 6D0050300 - Психология ва оид ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илм аз руйи ихтисосҳои 13.00.08 - Назария ва методикаи таҳсилоти касбӣ, 19.00.00 - Илмҳои психологӣ ва 6D.КОА-026 аз рӯйи ихтисосҳои 6D010200- Педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ, 6D010300-Педагогика ва психология, барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ ва доктори илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 13.00.00 - Илмҳои педагогӣ, 13.00.02 - Назария ва методикаи таълиму тарбия (вобаста ба соҳа ва сатҳи таҳсилот) таъсис дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-025 муштарак бо Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент таъсис ёфта, ҳайати он 11 нафарро ташкил медиҳад. Роҳбарии онро доктори илмҳоипедагогӣ, профессор Шаропов Шавкатҷон Аҳмадович ба ӯҳда дорад.

Ҳайати Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-026 низ 11 нафар буда, раиси он доктори илмҳои педагогӣ, профессор Сабурӣ Хайрулло Мирзозода интихоб шудааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ